ICG: мушкилоти иқтисоди Тоҷикистон натиҷаи мудирияти нодуруст ва фасоди густурда аст

Радиои Озодӣ

Созмони байналмилалии бӯҳроншиносӣ (ICG) дар гузориш таҳти унвони “Хатарҳои афзояндаи мудирияти нодуруст дар Тоҷикистон” (The rising risks of misrule in Tajikistan) қайд мекунад, ки дар тӯли 25 соли истиқолияти Тоҷикистон нодорӣ, фасоди амиқ ва тамаркузи қудрат дар дасти як гурӯҳи муайян аз мушкилоти аслии ин кишвар боқӣ мондааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бо такя ба таҳлилҳои вебсайтҳои Bloomberg ва Eurasia.net дар гузориш гуфта мешавад, иқтисоди Тоҷикистон дар вазъи ногуворе қарор дошта, поин омадани қурби пулли миллӣ, даромади ками муҳоҷирон ва бӯҳрони бонкӣ, ба навиштаи ин созмон ба иқтисоди Тоҷикистон осеби ҷиддӣ расонидааст.

Ба гуфтаи гузоришгарон, мушкилот дар иқтисод натиҷаи мудирияти нодуруст ва фасоди густурда низ ҳаст, вале бо ин вуҷуд кишвар намехоҳад дар иқтисодаш ислоҳот гузаронад.

Ба унвони мисол пажӯҳишгарон бо такя ба World Bank Group ёдовар шудаанд, ки соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ аз ироаи қарзу кӯмакҳои бебозгашти молӣ дар ҳаҷми 200 миллион доллар худдорӣ кард ва сабабаш ҳам ин буд, ки Тоҷикистон пешшартҳои бонкро дар заминаи анҷоми ислоҳот қабул накард.

Ба гуфтаи гузоришгарони ICG, ба Тоҷикистон имсол муяссар шуд, ки вомбаргҳои даромадноки давлатиро ба фурӯш гузорад. Фурӯши вомбаргҳо ба Тоҷикистон имкон дод аз ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ки бар ивази кумак талаби реформаро мекунанд, даст кашад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ин ислоҳот, аз ҷумла тағйири топ-менеҷерҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро тақозо мекард.

Гузоришгарони ICG, навиштаанд поинравии нишондодҳои иқтисодӣ, фасод ва мушкилот дар бахши соҳибкории хусусӣ як бахши мардумро навмед ва боис ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон шудааст.

ICG бо такя ба омори кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, ки дар соли 2016 – 3230 нафар тоҷикон барои дарёфти ҳаққӣ паноҳандагӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки  шумори паноҳҷӯён дар соли 2015 хеле камтар аз ин – 1160 нафар ва дар соли 2014 – ҳамагӣ 605 нафар будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...