Дар паҳнои ИДМ Русия сармоягузори асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад

Ҳаҷми умуии сармоягузории мустақими кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба иқтисоди Тоҷикистон охири соли гузашта 950 млн. долларро ташкил дод, ки наздики 90%-и он ба сармоягузорони русиягӣ рост меояд. Дар гузориши Бонки авруосиёии рушд «Мониторинги сармоягузориҳои мутақобила дар кишварҳои ИДМ – 2017» қайд мешавад, ки аз ин маблағ ҳудуди 930 млн. доллар ба Русия, 10 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умуии сармоягузории мустақими кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба иқтисоди Тоҷикистон охири соли гузашта 950 млн. долларро ташкил дод, ки наздики 90%-и он ба сармоягузорони русиягӣ рост меояд.

Дар гузориши Бонки авруосиёии рушд «Мониторинги сармоягузориҳои мутақобила дар кишварҳои ИДМ – 2017» қайд мешавад, ки аз ин маблағ ҳудуди 930 млн. доллар ба Русия, 10 млн. доллар – ба Қазоқистон ва маблағи боқимонда ба дигар кишварҳои ИДМ рост меояд, ки ин давлатҳо зикр нашудаанд.

Таъкид мешавад, ки ҳаҷми сармоягузориҳои мутақобила дар паҳнои Иттиҳод тайи соли охир 8 фоиз афзуда, инро ба барқарор шудани иқтисоди Русия нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, Озарбойҷон ҳарчи бештар фаъолона ба тамоми минтақа сармоягузорӣ карда, маблағгузориҳо ба Ӯзбекистон афзоиш ва ба Украина коҳиш меёбанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии андӯхтаи Тоҷикистон ба охири соли гузашта 3,1 млрд. долларро ташкил додааст.

Соли гузашта аз рӯи ҳаҷми сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон Чин аз Русия пешсаф шуда, ҳаҷми сармоягузориҳои Чин то моҳи октябри соли пешин ба 1 млрд. 16 млн. доллар расид, ки ба 32 фоиз аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷии Тоҷикистон баробар аст.

Ҳаҷми умумии сармяогузориҳои мустақими Русия ба охири семоҳаи сеюми соли гузашта 986 млн. долларро ё худ беш аз 30 фоиз аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки охири соли 2015 ҳаҷми сармоягузории мустақими андӯхтаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон – беш аз 950 млн. доллар ва сармоягузориҳои Чин – 762 млн. долларро ташкил дода буд.

Дар Кумита давоми соли 2017 ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишварро дар ҳаҷми 200 млн. доллар ба нақша гирифта буданд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо тӯли се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 130 млн. долларро ташкил дод, ки беш аз 76 млн. доллар (зиёда аз 60%) ба Чин рост меояд. Дар ин давра аз Русия ба маблағи ҳудуди 21 млн доллар сармоягузорӣ ворид шуд.

Охири соли гузашта Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як матлабаш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” гуфта буд, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.