Тоҷикистон ба бозорҳои Ӯзбекистон сабзавоти консервшуда ва семент мефиристад

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 11 октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, ҷонибҳо ҷиҳати таҳвили маҳсулоти консервшуда ва содироти сементу дигар молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҳамсоякишвар тавофуқ ҳосил карданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, миёни Палатаҳои савдо ва саноати кишвар дар бораи таъсиси […]

Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 11 октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, ҷонибҳо ҷиҳати таҳвили маҳсулоти консервшуда ва содироти сементу дигар молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҳамсоякишвар тавофуқ ҳосил карданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, миёни Палатаҳои савдо ва саноати кишвар дар бораи таъсиси Шӯрои кории «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» Созишнома ба имзо расидааст.

Ҳамчунин байни ширкати ӯзбекистонии «Кварс» ва корхонаи истеҳсоли консерваҳои ба номи Ҳасанови шаҳри Исфара (аз сабзавоту мева) ёддошти имзои қарордод оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, миёни ООО «Ғаюр» ва ширкати NOVA-и Ӯзбекистон дар бораи фурӯши масолеҳи сохтмон, байни ширкати «Элегант» ва «Навинтеркомлюкс» (Ӯзбекистон) созишномаи нияти ҳамкорӣ ва байни ҶДММ «Кедр» ва АО UZRADE (Ӯзбекистон) созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ва таҳвили молу маҳсулот ба имзо расидаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои форум дар маҷмӯъ беш аз 20 қарордод ва 6 ёддошт дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расида, лекин Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ маблағи онҳоро зикр намекунад, ҳарчанд чанде аз ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки аз рӯи натиҷаҳои рӯзи аввали намоишгоҳи Тоҷикистон дар Тошканд ба маблағи 20 млн. доллар қарордодҳо ба имзо расидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.