Рӯзҳои охирини бозори «Зелёний»

Бозори Шоҳмансур (Зелёний)-и пойтахт, ки рӯзҳои наздик кӯчонида мешавад, имрӯз холӣ буда, фурӯшандагон ба ҷамъовариву бандубасти борҳои худ машғуланд. Одамон ба бозор роҳ дода намешаванд. Ба гуфтаи савдогарон, ба онҳо ваъда додаанд, ки дар бозори нави Меҳргон онҳо муддати се моҳ бидуни иҷорапулӣ кор мекунанд. Аммо аксари ҳамсуҳбатони мо дар ташвишанд, ки баъди се моҳ […]

Asia-Plus

Бозори Шоҳмансур (Зелёний)-и пойтахт, ки рӯзҳои наздик кӯчонида мешавад, имрӯз холӣ буда, фурӯшандагон ба ҷамъовариву бандубасти борҳои худ машғуланд. Одамон ба бозор роҳ дода намешаванд.

Ба гуфтаи савдогарон, ба онҳо ваъда додаанд, ки дар бозори нави Меҳргон онҳо муддати се моҳ бидуни иҷорапулӣ кор мекунанд. Аммо аксари ҳамсуҳбатони мо дар ташвишанд, ки баъди се моҳ аз онҳо дар бозори нав иҷорапулии хеле зиёд талаб карда, онҳо ба тарки бозор маҷбур мешаванд.

Ба қавли яке аз фурӯшандагони сабзавот, раҳбарияти бозор ба онҳо ваъда дода буд, ки барои кашонидани маҳсулоташон нақлиёт ҷудо мекунад, вале ин кор сурат нагирифта, фурӯшандагон аз ҳисоби худ борашонро аз бозор бароварда истодаанд. Рӯзи шанбе бояд бозор холӣ карда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.