Қирғизистон «ҷазираи демократия» дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад?

Asia-Plus

Дар Қирғизистон рӯзи 15 октябр маъракаи интихоботи президенти панҷуми ин кишвар баргузор шуд. Дар ин маърака номзад аз Ҳизби сотсиал-демократӣ Сооронбой Жээнбеков пирӯзи ба даст оварда, номзади худпешбаришуда Омурбек Бабанов зинаи дуюмро ишғол намуд.

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, дар интихоботи кишвари ҳамсоя нерӯҳои муҳофизакор (консервативӣ) ғалаба карданд, ки ин нерӯҳоро президенти амалкунандаи Қирғизистон Алмазбек Атамбоев роҳбарӣ мекунад.

«Интихоботи доиргардида, ки дар он ҳокимият барои дастгирии Сооронбой Жээнбеков аз тамоми имконоти худ истифода кард, ояндаи ин кишварро норавшан гузошт», – мегӯяд Мамадазимов.

Ӯ хотиррасон намуд, ки имрӯз бисёре аз коршинсони ҷаҳон Қирғизистонро «ҷазираи демократия» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешуморанд. «Акнун чун дар дигар кишварҳои минтақа дар Қирғизистон низ метавонад сохти худкома (авторитарӣ) ба вуҷуд ояд, ки ба «ҷазираи демократия» хотима мебахшад», – аз эҳтимол дур намедонад коршинос.

Муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон ба таври демократӣ ва озодона баргузор шуд.

«Бо ташкили рақобати воқеӣ миёни номзадҳо ба мансаби сарвари давлат ва доир кардани интихоботи озодонаву демократӣ, Қирғизистон бори дигар ба кишварҳои минтақа ва ИДМ чӣ гуна баргузор намудани интихоботи президентиро сабақ дод», – мегӯяд Ш.Ҳакимов.

Ӯ муътақид аст, ки баъди интихобот Қирғизистон натанҳо «ҷазираи демократия» дар минтақа боқӣ мемонад, балки дар масъалаи ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар аз ҳамсоякишварҳо пеш мегузарад.

Дар робита ба пешгӯиҳои зиёди пирӯзии Омурбек Бабанов сиёсатшиноси тоҷик таъкид дошт, ки бисёре аз нерӯҳои манфиатдор аз ин назарпурсиҳо истифода карданӣ шуда, «аз эҳтимол дур намедонам, ки О.Бабанов ва дастаи ӯ дар марҳилаи нихоии интихобот ба хатогиҳо роҳ доданд».

Сиёсатшиноси дигари тоҷик Нуралӣ Давлат чунин мешуморад, ки агар дар интихоботи кунунии президенти Қирғизистон аз имконоту воситаҳои маъмурии ҳукумати ин кишвар истифода шуда бошад, метавон дар Бишкек аз инқилоби навбатии ранга интизорӣ дошт.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2009 дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон сарвари давлати он замон амалкунандаи ин кишвар Қурмонбек Боқиев пирӯз шуд. Коршиносон бар ин назар буданд, ки ӯ аз имконоту воситаҳои маъмурии ҳукумати худ истифода кард. Моҳи апрели соли 2010 дар Бишкек инқилоби навбатии ранга ба вуқӯъ пайваста, Боқиев ва наздикони ӯ аз ҷумҳурӣ фирор карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.