Сокини Варзоб баъди муноқиша бо зан хонаро оташ зад

Сокини 44-солаи ноҳияи Варзоб ба суиқасд ба куштор ва оташзании хона гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқиша бо ҳамсараш, зани 38- бо корд қисми болои пусти гулӯяшро бурида, баъдан, аз ин кирдораш қаноатманд нашуда, хонаашро оташ задааст. Гуфта мешавад, дар натиҷа зану мард ҷароҳатҳои […]

Сокини 44-солаи ноҳияи Варзоб ба суиқасд ба куштор ва оташзании хона гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқиша бо ҳамсараш, зани 38- бо корд қисми болои пусти гулӯяшро бурида, баъдан, аз ин кирдораш қаноатманд нашуда, хонаашро оташ задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зану мард ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар натиҷаи сӯхтор молу ашёҳои хона дар масоҳати 120-метри мураббаъ сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 35000-сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.