Эмомалӣ Раҳмон арабҳои сарватмандро ба дастгирии ҳаммазҳабон даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои тараққикардаи арабӣ даъват кард, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи ҷаҳони ислом аз лиҳози моливу иқтисодӣ кумак кунанд. Зимни ифтитоҳи кори иҷлоси дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки Фонд таъсис дода шуда, он аз […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои тараққикардаи арабӣ даъват кард, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи ҷаҳони ислом аз лиҳози моливу иқтисодӣ кумак кунанд.

Зимни ифтитоҳи кори иҷлоси дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки Фонд таъсис дода шуда, он аз ҳисоби аъзоҳаққии кишварҳои рушдёфтаи арабӣ маблағгузорӣ шавад.

Бино ба пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон, воситаҳои ин Фонд зимни зарурат бояд ба дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи мусалмонӣ равона шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар бонкҳои аврупоиву амрикоӣ миллиардҳо доллари кишварҳои арабии сарватаманд нигаҳдорӣ мешаванд. Ӯ даъват кард, ки қисмате аз ин воситаҳо ба дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи мусалмонӣ равона гардад, аммо, қайд кард ӯ, «ин дастгирӣ бояд бе тамаъ бошад».

Ба ақидаи Президенти Тоҷикистон, даргириҳои мусаллаҳи имрӯзи Шарқи Наздик ва Афғонистон натиҷаи ҳадафҳои тамаъҷӯёнаи бархе аз кишварҳо ва гурӯҳҳои одамон аст.

«Ҳамаи мо шоҳидем, ки имрӯз вазъ дар Сурияв Ироқ ва Афғонистон чӣ гуна аст. Тоҷикистон аввали солҳои 90-ум ин ҳодисаҳоро паси сар карда буд. Он замон гурӯҳҳои ҷудогона бо дастгирии пуштибонҳои хориҷии худ дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо карданӣ буданд. Дар натиҷа муддати 5 сол кишвар ба гирдоби ҷанги бародаркушӣ фурӯ рафт», – изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони форумро ба захираҳои бойи табиии Тоҷикистон ҷалб намуда, аз кишварҳои арабии рушдёфта даъват кард, ки барои азхудкунии ин боигариҳо маблағгузорӣ намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.