Ифтитоҳи форуми ҳамкории иқтисодии арабӣ бо кишварҳои ОМ ва Озарбойҷон дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Озарбойҷон ба кор шурӯъ кард. Форумро, ки дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумат ҷараён дорад, бо сухани шодбошӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз мебахшад. Дар кори Форум ҳайатҳои 28 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 22 кишвари Лигаи кишварҳои арабӣ, 5 кишвари минтақаи Осиёи […]

Имрӯз дар Душанбе Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Озарбойҷон ба кор шурӯъ кард. Форумро, ки дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумат ҷараён дорад, бо сухани шодбошӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз мебахшад.

Дар кори Форум ҳайатҳои 28 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 22 кишвари Лигаи кишварҳои арабӣ, 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон таҳти сарварии вазирони корҳои хориҷӣ ё вазирони иқтисоди давлатҳо иштирок мекунанд.

Назди иштирокчиён суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷибути, раиси Шӯрои вазирони Лигаи кишварҳои арабӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф ва Дабири кулли Лигаи кишварҳои арабӣ Аҳмад Абулгейт дар назар аст.

Дар ҷараёни кори форум баррасии масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодӣ, шарикӣ, мусоидат ба густариши муносибатҳо миёни давлатҳои арабӣ ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ҳамчунин масоили таъмини амният ва субот дар минтақа ба нақша гирифта шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ Баёнияи Душанбе қабул шуда, дар фарҷоми кори форум вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов суханронӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2014 ҳайати Тоҷикистон дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, таҳти унвони “Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ” дар Риёз бо пуштибонии Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ иштирок намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.