Билети хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошканд боз арзон шуд

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» арзиши билети хатсайри Душанбе – Тошкандро боз поин бурд. Нархи билет беш аз 100 сомонӣ камтар шуда, ба як самт – 910 сомонӣ ва рафту бозгашт – 1585 сомониро ташкил медиҳад. Намояндаи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар Душанбе Ориф Рӯзимуродов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали […]

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» арзиши билети хатсайри Душанбе – Тошкандро боз поин бурд. Нархи билет беш аз 100 сомонӣ камтар шуда, ба як самт – 910 сомонӣ ва рафту бозгашт – 1585 сомониро ташкил медиҳад.

Намояндаи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар Душанбе Ориф Рӯзимуродов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали моҳи октябр ҷониби Ӯзбекистон нархи билети хатсайри Душанбе – Тошкандро то 1010 сомонӣ поин бурда,  акнун боз 100 сомонии дигар – то 910 сомонӣ кам кард. Раҳбарияти ширкат тасмими мазкурро ҷалби ҳарчи бештари мусофирон унвон мекунад.

Дар робита ба имкони аз фурудгоҳи Тошканд ба шаҳрҳои дигар парвоз кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, дар намояндагии ширкати ӯзбекистонӣ изҳор намуданд, ки дар минтақаи транзити фурудгоҳи Тошканд мусофирони тоҷик метавонанд бидуни раводид 24 соат ҳузур дошта бошанд.

«Дар ярмаркаҳои сайёҳӣ, ки нимаи аввали моҳи октябр дар Тошканду Душанбе доир гардиданд, тасмим гирифта шуд, ки барои сафарҳои инфиродиву оилавии серӯзаву чоррӯза дар ҳарду кишвар барномаҳо таҳия шаванд», – қайд кард Рӯзимуродов.

Ёдрас мекунем, ки парвози нахустин тариқи ин хатсайр санаи 11 апрели соли равон сурат гирифта, ширкати ӯзбекистонӣ ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ин парвозҳоро анҷом медод, вале баъдан танҳо як парвоз рӯзи сешанбе сурат мегирад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода сабаби камшавии шумори парвозҳо тавассути ин хатсайрро кам будани мусофирон унвон кард ва қаблан дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ҳамин сабабро зикр карда буданд.

Парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистонро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид, вале ҳоло ин парвозҳо оғоз нагардидааст.

«Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо омодагӣ гирифта, ба корҳои сабти намояндагии худ дар Тошканд машғул аст ва агар талаботи кофии мусофирон пайдо шавад, шояд ширкат ба анҷоми парвозҳо оғоз намояд», – гуфта буд вазир.

Қобили зикр аст, ки қаблан арзиши билет ба самти Тошканд ба 1230 сомонӣ (140 доллар) баробар буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.