Муҷозоти волидон дар Ёвон барои хонадор кардани ноболиғон

Суди ноҳияи Ёвон нисбати се нафар волидон барои дидаву дониста хонадор кардани ноболиғон ҳукм содир намуд. Домоди 17-сола низ ҷазо гирифт. Волидони домод С.Шарипов ва Д.Абдуллоева, ҳамчунин модари арӯси ноболиғ Н.Саъдиева барои он муҷозот шудаанд, ки моҳи октябри соли 2016 дидаву дониста фаразандони ноболиғашонро хонадор кардаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, онҳо […]

Суди ноҳияи Ёвон нисбати се нафар волидон барои дидаву дониста хонадор кардани ноболиғон ҳукм содир намуд. Домоди 17-сола низ ҷазо гирифт.

Волидони домод С.Шарипов ва Д.Абдуллоева, ҳамчунин модари арӯси ноболиғ Н.Саъдиева барои он муҷозот шудаанд, ки моҳи октябри соли 2016 дидаву дониста фаразандони ноболиғашонро хонадор кардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, онҳо дидаву дониста, ки писарашон Шарипов У.С. соли таваллудаш 2 майи 1999 ноболиғ мебошад бо ноболиғ Раҳимова Н.У. соли  таваллудаш 21 феврали 2000 ҳануз ба синни никоҳӣ нарасидааст, бе қайди дахлдор дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Ёвон  моҳи октябри соли 2016 онҳоро никоҳи мусулмонӣ намуда оиладор намудаанд.

«Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон ба Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р. ва Садиева Н.В.  ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мухлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20 % музди меҳнат ва ба Шарипов У.С. ҷазо дар намуди корҳои  ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат таъин таъин карда шуд», – омадааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2011 тағйирот ба Кодекси оилаи Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, мувфиқи он, синни никоҳи духтарон аз 17 ба 18-сола тағйир дода шуд. Ин тағйирот аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 21 июли соли 2010 тасдиқ шуда буд.

То қабули ин тағйирот синнусол барои никоҳ 17-сола муқаррар шуда, дар баъзи ҳолатҳои истисноӣ дар синни 16-солагӣ низ ба духтарон барои ба шавҳар баромадан иҷозат дода шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.