Сооронбой Жээнбеков дар интихоботи Қирғизистон пирӯз шуд

Тибқи маълумоти пешакии Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар интихоботи президентии ин кишвар ҳудуди 50%-и раъйдиҳандагон – 1 миллиону 692 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, беш аз 914 ҳазори онҳо (ҳудуди 54%) ба ҷонибдорӣ аз номзади Ҳизби ҳокими сотсиал-демократӣ Сооронбой Ҷээнбеков раъй додаанд. Барои пирӯзӣ дар даври […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Тибқи маълумоти пешакии Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар интихоботи президентии ин кишвар ҳудуди 50%-и раъйдиҳандагон – 1 миллиону 692 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, беш аз 914 ҳазори онҳо (ҳудуди 54%) ба ҷонибдорӣ аз номзади Ҳизби ҳокими сотсиал-демократӣ Сооронбой Ҷээнбеков раъй додаанд.

Барои пирӯзӣ дар даври аввали интихобот номзадро зарур аст, ки беш аз 50%-и раъйи иштирокдоронро ба даст орад. Аз рақиби асосии Ҷээнбеков — раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Республика – Ота Журт" Омурбек Бабанов 564 ҳазор одам ё 33,3%-и интихобкунандаҳо ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар вилояти Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон 72% аз Ҷээнбеков ва дар вилояти Талас, дар шимоли ин кишвар 85% аз Бабанов ҳимоят кардаанд.

Раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров бо касби 108 ҳазор овоз (ҳудуди 6,3%) дар мақоми севум ва раҳбари Ҳизби "Оқ-Шумқор" Темир Сариев бо 42,7 ҳазор овоз дар мақоми чорум қарор доранд.

Ба ҷонибдорӣ аз Таалатбек Масадиқов, ки ҷойи панҷумро касб кардааст, 10,5 ҳазор одам раъй додаанд.

Дар интихоботи 15 октябри Қирғизистон ҷамъан 11 номзад, аз ҷумла як зан барои дарёфти курсии президентӣ рақобат карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.