Нерӯҳои Тоҷикистон дар размоиши «Бародарии шикастнопазир- 2017»

Дар ду размоишгоҳи воқеъ дар қаламрави Қазоқистон имрӯз тамрини нерӯҳои посдорони сулҳи Паймони Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир – 2017" ("Нерушимое братство-2017") оғоз шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ аз қавли Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, “дар ин размоиш ҳайате аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ширкат доранд”. Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар дуввумин […]

Радиои Озодӣ

Дар ду размоишгоҳи воқеъ дар қаламрави Қазоқистон имрӯз тамрини нерӯҳои посдорони сулҳи Паймони Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир – 2017" ("Нерушимое братство-2017") оғоз шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ аз қавли Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, “дар ин размоиш ҳайате аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ширкат доранд”.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар дуввумин размоиши муштараки нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қазоқистон як взводи махсуси қушунҳои зудамали Вазорати дифоъ намояндагӣ мекунад. Созмондиҳандагони размоиш мегӯянд, дар ҷараёни он маҳорату малакаи нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар заминаи ҳифзи рӯзмараи суботу оромӣ ва ҳамчунин мудирияти ҳайати неруҳои посдор ба намоиш гузошта мешавад.

Дар ин размоиш бар иловаи низомиёни тоҷик, нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистону Қирғизистон, Арманистону Белорус ва Русия ширкат мекунанд ва интизор меравад, ки ҳайати раҳбарии СПАД ва мақомоти низомии кишварҳои узви ин созмон дар марҳалаи поёнии он ширкат намоянд.

Бино ба иттилои дабирхонаи СПАД, барузории ин гуна размоишҳо дар чорчӯби ҳамоҳангии нерӯҳои вокуниши сареи ин созмон аз соли 2009 то кунун дар қаламрави ҳар кишвари узви он сурат мегирад. Созмони СПАД 15-уми майи соли 1992 ташкил шудааст солгарди худро баргузор кард ва ҳоло 6 кишвар – Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.