Қазоқистон нисбати ширкатҳои маҳсулоти ширии Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ кард

Дар робита эҳтимоли вайрон кардани талабот, Қазоқистон нисбати панҷ ширкати маҳсулоти ширии Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод Вазорати кишоварзии Қазоқистон, ин маҳдудият дар доираи "шиддат гирифтани назорат дар марзи Қазоқистону Қирғизистон" сар аз 10 октябр ҷорӣ шудааст. Гуфта мешавад, нисбати маҳсулоти мушаххаси ду корхонаи қирғизӣ "назорати […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар робита эҳтимоли вайрон кардани талабот, Қазоқистон нисбати панҷ ширкати маҳсулоти ширии Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод Вазорати кишоварзии Қазоқистон, ин маҳдудият дар доираи "шиддат гирифтани назорат дар марзи Қазоқистону Қирғизистон" сар аз 10 октябр ҷорӣ шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати маҳсулоти мушаххаси ду корхонаи қирғизӣ "назорати қатъии озмоишгоҳӣ" идома дошта, аз замони ҷорӣ шудани назорати қатъии бойторӣ нисбати маҳсулоти қирғизӣ, коҳиши воридот ва интиқоли он мушоҳида мешавад.

Қайд мешавад, ки аз замони шурӯъ шудани назорати қатъии фитосанитарӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ 117 мошини борбар ва дар маҷмуъ 821,4 тон маҳсулот тафтиш ва аз ин шумор бештар аз 105 тон баргардонида шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вазъ дар марзи Қазоқистону Қирғизистон баъди ҳамлаи лафзии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ҳукуматдорони Қазоқистон бад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.