Нерӯҳои Тоҷикистон дар размоиши «Бародарии шикастнопазир- 2017»

Радиои Озодӣ

Дар ду размоишгоҳи воқеъ дар қаламрави Қазоқистон имрӯз тамрини нерӯҳои посдорони сулҳи Паймони Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир – 2017" ("Нерушимое братство-2017") оғоз шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ аз қавли Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, “дар ин размоиш ҳайате аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ширкат доранд”.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар дуввумин размоиши муштараки нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қазоқистон як взводи махсуси қушунҳои зудамали Вазорати дифоъ намояндагӣ мекунад. Созмондиҳандагони размоиш мегӯянд, дар ҷараёни он маҳорату малакаи нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар заминаи ҳифзи рӯзмараи суботу оромӣ ва ҳамчунин мудирияти ҳайати неруҳои посдор ба намоиш гузошта мешавад.

Дар ин размоиш бар иловаи низомиёни тоҷик, нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистону Қирғизистон, Арманистону Белорус ва Русия ширкат мекунанд ва интизор меравад, ки ҳайати раҳбарии СПАД ва мақомоти низомии кишварҳои узви ин созмон дар марҳалаи поёнии он ширкат намоянд.

Бино ба иттилои дабирхонаи СПАД, барузории ин гуна размоишҳо дар чорчӯби ҳамоҳангии нерӯҳои вокуниши сареи ин созмон аз соли 2009 то кунун дар қаламрави ҳар кишвари узви он сурат мегирад. Созмони СПАД 15-уми майи соли 1992 ташкил шудааст солгарди худро баргузор кард ва ҳоло 6 кишвар – Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.