Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Рӯзҳои 16-20 октябр дар Қазоқистон размоиши Нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД доир мегардад, ки дар он Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

– Мунтахаби футзалистони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Афғонистон бозӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7934 сомонӣ;

1 евро – 10.3859 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1499 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кинои тоҷик.

Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо.

1929 – ҶМШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил шуд.

1998 – Шумораи нахустини ҳафтавори «Авитсенна» ба табъ расид.

2004 – Президенти Русия В.Путин бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни ин сафар миёни кишварҳо оид ба сармоягузорӣ ба иқтисоди ҶТ, ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия, ба моликияти Русия супурдани истгоҳи назорати кайҳонии «Окно» дар Норак», муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра асноди ҳамкорӣ ба имзо расид.

2008 — Ҳукуумати ҶТ «Дар бораи азнавташкилдиҳии КВДҲ «Тоҷик Эйр» қарор қабул кард.

2012 — Дар Душанбе Фестивали V кинои «Дидор» доир гардид, ки дар он ба сифати меҳмон ва мунаққиди кино коргардони тоҷик Давлат Худоназаров аз Маскав ба Душанбе омад. Ба Шоҳҷоизаи фистивали «Дидор» коргардони афғон Атиқ Раҳимӣ соҳиб шуд.

1898-1957 – Зодрӯзи шоир Обидхоҷа Лутфӣ.

1898-1938 – Мавлуди Ходими давлатии Тоҷикистон Чинор Имомов.

1951 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Ҷамолиддин Мансуров.

1958 – Мавлуди нависанда Саидаҳмади Зардон.

1985 — Зодрӯзи журналист Абдуазими Абдуваҳҳоб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +28+30.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...