Ҳукумат итминон медиҳад, ки нархҳои истеъмолӣ тамоили поинравӣ доранд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар бахши истеъмолии Тоҷикистон моҳи дуюм аст, ки ҷараёни поинравии нархҳо ба мушоҳида мерасад. Нарху тарифҳо моҳи август ба миқдори 0,3 фоиз ва моҳи сентябр – 0,4 фоиз коҳиш ёфтанд. Коҳиши нархҳо барои Тоҷикистон падилдаи нав аст, зеро қаблан чунин ҷараёнҳо дар бахши истеъмолии кишвар ба мушоҳида намерасиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар натиҷа сатҳи таварруми солона нисбат ба моҳи қаблӣ (7,7%) ба андозаи -1,0 банди фоизӣ поён рафта, ба 6,7 фоиз баробар гардид. Бонки миллӣ ин нишондиҳандаи миёнамуҳлатро 7%±3 ба нақша гирифтааст.

Тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти ҶТ, раванди поинравии нархҳо дар моҳи сентябр пеш аз ҳама, ба камшавии арзиши маҳсулоти ғизойӣ вобаста аст: нархи пиёз – 15,9%, сабзӣ – 11,4%, бодиринг – 9,8%, помидор – 7,4%, карам – 7,2%, картошка – 6,5% ва шакар – 4,9% поин рафтааст.

Тамоили нав барои Тоҷикистонро ҳамчунин ба коҳиши арзиши равуо тариқи нақлиёти ҳавоӣ (14,1%) дар моҳи сентябр нисбат медиҳанд.

«Нишондиҳандаи мазкур аз сатҳи интизоршавандаи таваррум пасттар буда, аз муътадилшавии унсурҳои талаботу таклифот ва бо суръати тезтар баргардидани таваррум ба сатҳи нишондиҳцандаи мақсаднок шаҳодат медиҳад», – қайд мешавад дар маълумоти БМТ.

Гуфта мешавад, «таъсири омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ, бахусус аз ҷониби хизматрасониҳои пулакӣ, коҳишёбӣ ва муътадилгардии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ (сабзавот) дар натиҷаи ҷамъоварии ҳосили фаровони тирамоҳӣ ва афзоиши пешниҳоди он, инчунин сиёсати зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор боиси нисбатан коҳиш ёфтани интизориҳои таваррумӣ ва сатҳи таваррум гардид».

Мувофиқи интизориҳои БМТ, семоҳаи чоруми соли равон зиёдшавии нархи хизматрасониҳои манзилӣ-коммуналӣ, аз ҷумла қувваи барқ ва об ба нақша гирифта шуда, то андозае ба сатҳи таваррум таъсир мерасонад.

Зимнан зикр мегардад, ки новобаста аз ин, аз рӯи таҳлилҳо ва дурнамо интизор меравад, ки сатҳи таваррум дар соли 2017 ва давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0%) ҷамъбаст хоҳад ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...