ИМА санаҳои нави барномаи раводиди Green Card-ро эълон кард

Бо сабабҳои техникӣ муҳлати бақайдгирии иштирокчиёни барномаи раводиди DV-2019 ба санаҳои дигар гузаронида мешавад ва маълумоте, ки то 18 октябри соли 2017 ба барнома ворид гардид, баррасӣ карда намешавад. Он бояд аз сари нав аз тарафи довталабон ворид карда шаванд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, муҳлати нави бақайдгирии довталабони раводиди DV-2019 барои […]

Бо сабабҳои техникӣ муҳлати бақайдгирии иштирокчиёни барномаи раводиди DV-2019 ба санаҳои дигар гузаронида мешавад ва маълумоте, ки то 18 октябри соли 2017 ба барнома ворид гардид, баррасӣ карда намешавад. Он бояд аз сари нав аз тарафи довталабон ворид карда шаванд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, муҳлати нави бақайдгирии довталабони раводиди DV-2019 барои ворид намудани маълумот нисфирӯзии 18 октябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, оғоз меёбад ва нисфирӯзии 22 ноябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, анҷом меёбад.

Маълумоти шахсоне, ки то рузи чоршанбе, санаи 18 октябри соли 2017 бақайд гирифта шудаанд, дида баромада намешаванд, ва онҳоро лозим аст, ки маълумотро аз сари нав, дар давоми муҳлати нави бақайдгирӣ, ба барнома ворид намоянд.

Боиси таассуф аст, ки довталабони барномаи раводиди DV-2019 бо чунин камбудиҳо рӯ ба рӯ гардиданд. Муаммои техникӣ аз он иборат буд, ки интихоби давлате, ки ҳаққи дар барномаи мазкур иштирок карданро дорад, ғайриимкон буд ва аз давлате, ки ҷои таваллуди онҳо мебошад, фарқ мекунад.

Ин танҳо дар ҳолатҳои муайяни маҳдуд иҷозат дода мешавад. Ин натиҷаи ҳар гуна дахолати беруна ё талошҳои шикастани сомона набуд. Бо вуҷуди ин, барои таъмини адолат ва ҳифзи раванди мукаммал барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мо бояд раванди воридшавии маълумотро дар соли ҷорӣ давом диҳем (DV-2019).

Довталабон метавонанд ба шакли воридшавии маълумотҳои электронии DV (E-DV) дар сомонаи расмии dvlottery.state.gov  дар давоми муҳлати бақайдгирӣ, дастрасӣ пайдо кунанд. Дастурҳо оид ба лотереяи DV инчунин дар сайти ҷамъиятии Департаменти давлатӣ дар usvisas.state.gov/dv/instructions дастрас мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.