Эмомалӣ Раҳмон Сооронбой Жээнбековро бо пирӯзӣ табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари  давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «мардуми Қирғизистон бо ибрози иродаи худ эътимоди баландашро ба фаъолияти давлатии Шумо ироа намуд».

«Тоҷикистон ва Қирғизистонро риштаҳои дӯстӣ ва робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ки таърихи чандинасра доранд, ба ҳам мепайвандад, – омадааст дар барқия. – Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мешиносем».

Сарвари давлати Тоҷикистон бо ибрози манфиатдории кишвраш ба тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамдастии Тоҷикистону Қирғизистон итминон изҳор намудааст, ки кишварҳо метавонанд бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкориҳоро ба хотири ривоқу равнақи мардумони ҳарду давлат ба сатҳи сифатан нав бароранд.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба Сооронбой Жээнбеков сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба Қирғизистони дӯст сулҳу субот ва пешрафт орзу кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...