Эмомалӣ Раҳмон Сооронбой Жээнбековро бо пирӯзӣ табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари  давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «мардуми Қирғизистон бо ибрози иродаи худ эътимоди баландашро ба фаъолияти давлатии Шумо ироа намуд». «Тоҷикистон ва Қирғизистонро риштаҳои дӯстӣ ва робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ки таърихи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари  давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «мардуми Қирғизистон бо ибрози иродаи худ эътимоди баландашро ба фаъолияти давлатии Шумо ироа намуд».

«Тоҷикистон ва Қирғизистонро риштаҳои дӯстӣ ва робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ки таърихи чандинасра доранд, ба ҳам мепайвандад, – омадааст дар барқия. – Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мешиносем».

Сарвари давлати Тоҷикистон бо ибрози манфиатдории кишвраш ба тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамдастии Тоҷикистону Қирғизистон итминон изҳор намудааст, ки кишварҳо метавонанд бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкориҳоро ба хотири ривоқу равнақи мардумони ҳарду давлат ба сатҳи сифатан нав бароранд.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба Сооронбой Жээнбеков сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба Қирғизистони дӯст сулҳу субот ва пешрафт орзу кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.