ИМА санаҳои нави барномаи раводиди Green Card-ро эълон кард

Иттилоияи расмӣ

Бо сабабҳои техникӣ муҳлати бақайдгирии иштирокчиёни барномаи раводиди DV-2019 ба санаҳои дигар гузаронида мешавад ва маълумоте, ки то 18 октябри соли 2017 ба барнома ворид гардид, баррасӣ карда намешавад. Он бояд аз сари нав аз тарафи довталабон ворид карда шаванд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, муҳлати нави бақайдгирии довталабони раводиди DV-2019 барои ворид намудани маълумот нисфирӯзии 18 октябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, оғоз меёбад ва нисфирӯзии 22 ноябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, анҷом меёбад.

Маълумоти шахсоне, ки то рузи чоршанбе, санаи 18 октябри соли 2017 бақайд гирифта шудаанд, дида баромада намешаванд, ва онҳоро лозим аст, ки маълумотро аз сари нав, дар давоми муҳлати нави бақайдгирӣ, ба барнома ворид намоянд.

Боиси таассуф аст, ки довталабони барномаи раводиди DV-2019 бо чунин камбудиҳо рӯ ба рӯ гардиданд. Муаммои техникӣ аз он иборат буд, ки интихоби давлате, ки ҳаққи дар барномаи мазкур иштирок карданро дорад, ғайриимкон буд ва аз давлате, ки ҷои таваллуди онҳо мебошад, фарқ мекунад.

Ин танҳо дар ҳолатҳои муайяни маҳдуд иҷозат дода мешавад. Ин натиҷаи ҳар гуна дахолати беруна ё талошҳои шикастани сомона набуд. Бо вуҷуди ин, барои таъмини адолат ва ҳифзи раванди мукаммал барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мо бояд раванди воридшавии маълумотро дар соли ҷорӣ давом диҳем (DV-2019).

Довталабон метавонанд ба шакли воридшавии маълумотҳои электронии DV (E-DV) дар сомонаи расмии dvlottery.state.gov  дар давоми муҳлати бақайдгирӣ, дастрасӣ пайдо кунанд. Дастурҳо оид ба лотереяи DV инчунин дар сайти ҷамъиятии Департаменти давлатӣ дар usvisas.state.gov/dv/instructions дастрас мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...