Дар Тошканд озодии ВАО дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

Asia-Plus

Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд имрӯз конфронси 19-уми васоити ахбори умуми Осиёи Марказӣ «Журналистикаи кушод дар Осиёи Марказӣ» ба кор шурӯъ кард.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи конфронс Маттайс Берман, сармушовири Дафтари намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО изҳор намуд, ки баргузории ин чорабинӣ дар Ӯзбекистон гувоҳи вазъи кушоди гуногунандешӣ (плюрализм) аст, ки аз ҷониби ҳукумати ин кишвар дастгирӣ мешавад.

Ба гуфтаи муовини раиси парлумони Ӯзбекистон Сарвар Отамуродов, мавзӯи чорабинии имрӯза ба рӯҳияи ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, мутобиқ аст. «Ҳеҷ кас дигаргуниҳои мусбат ба таъмини озодии баён дар Ӯзбекистон тайи соли ахирро инкор карда наметавонад», – иброз дошт ӯ.

Дар оғози вохӯрӣ ҳамчунин зикр гардид, ки таъмини амният набояд озодии суханро халалдор созад ва сиёсате, ки ба мубориза бо иттиллоти бардурӯғ ва таблиғотӣ равона шудааст, набояд дар заминаи сензура роҳандозӣ шавад. «Озодии ВАО – фазои демократия ва танҳо гуногунандешиву интиқод муҳаррики рушд аст», – қайд шуд дар вохӯрӣ.

Қобили зикр аст, ки конфронс муддати ду рӯз идома ёфта, ба он коршиносон, намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, ВАО-и Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон даъват шудаанд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон намояндагони як қатор созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Интернюс низ ҳузур доранд, ки замоне дафтари кории он дар Ӯзбекистон баста шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...