ҲХДТ ба мушкилоти муҳоҷирон дар Русия расидагӣ мекунад

Ҳайати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ният дорад, ки бо мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз наздик шинос шавад. Муддати 12 рӯз намояндагони ҲХДТ таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён бо муҳоҷирон дар Русия вохӯрда, бо мушкилоти ҷойдоштаи онҳо ошно ва мувофиқи имкон кумак мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дафтари кории […]

Ҳайати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ният дорад, ки бо мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз наздик шинос шавад.

Муддати 12 рӯз намояндагони ҲХДТ таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён бо муҳоҷирон дар Русия вохӯрда, бо мушкилоти ҷойдоштаи онҳо ошно ва мувофиқи имкон кумак мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дафтари кории ҳизб хабар дод, ҳайати ҳизб аз шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва Екатеринбург боздид намуда, бо муҳоҷирони тоҷик вохӯриҳо барпо мекунанд ва ба онҳо дар бораи рӯйдодҳои муҳими ҷумҳурӣ, сиёсати роҳандозишуда зери раҳбарии раиси ҲХДТ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълумот медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирон ба масъалаи огаҳ кардани онҳо аз ҳадафҳои аслии созмонҳои террористӣ ва ифротгаро таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и он ҷавононанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.