Ҳамаи ҳамҷинсгароёни Тоҷикистон ба рӯйхат гирифта мешаванд

Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон рӯйхати наздик ба 370 ҳамҷинсгароро дар кишвар таҳия кардаанд. Тавре сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маҷаллаи "Қонуният”-и Додситонии кулл хабар медиҳад, ин шумори ҳамҷинсгароҳо дар натиҷаи амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ зери унвони “Ахлоқ” ва “Тозакунӣ” ошкор карда шуда, аз ин миқдор 319 нафарашон ҳамҷинсгарои мард […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон рӯйхати наздик ба 370 ҳамҷинсгароро дар кишвар таҳия кардаанд.

Тавре сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маҷаллаи "Қонуният”-и Додситонии кулл хабар медиҳад, ин шумори ҳамҷинсгароҳо дар натиҷаи амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ зери унвони “Ахлоқ” ва “Тозакунӣ” ошкор карда шуда, аз ин миқдор 319 нафарашон ҳамҷинсгарои мард ва 48 нафари дигар ҳамҷинсгарои зан мебошанд.

Гуфта мешавад, мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шарҳи ин рӯйхати вижа худдорӣ карда, вале як масъули огоҳ аз он ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, феҳрасти афроди осебпазир “ба хотири огоҳонидани онҳо аз нигоҳи амниятӣ ва солимӣ” таҳия мешавад.

"Шомили як рӯйхат кардани онҳо танҳо бо ҳадафи фаҳмондадиҳӣ сурат гирифтааст. Дар ҷомеаи мо бархӯрд бо онҳо сахт аст. Аз ин рӯ, онҳо бояд ҳаракатҳое накунанд, ки барангезандаи хашми сокинон шавад. Аз тарафи дигар, аз нигоҳи саломатӣ низ огоҳияшон боло бурда мешавад, чун хатари сироят ёфтани онҳо ба бемориҳои сироятӣ хеле зиёд аст", – иброз доштааст ӯ.

Зимнан зикр мегардад, ки ВКД Тоҷикистон бори аввал аст, ки наздики 400 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро вориди рӯйхати вижа мекунанд. Шумораи дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест, ҳарчанд чанд соле пеш муаллифони як таҳқиқоти тиббӣ гуфтанд, ки эҳтимолан дар саросари Тоҷикистон то 20 ҳазор марду зани ҳамҷинсгаро ва хуносо (дуҷинса), вуҷуд дошта бошанд.

Хабаргузории Фергана менависад, баррасии масъалаи робитаҳои ҳамҷинсгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле кам ба назар мерасад, зеро ҳарчанд кишвар дунявӣ бошад ҳам, аксари аҳолиаш мусулмонанд ва муносибатҳои ҳамҷинсгароиро қотеъона қабул надоранд.

Фонди глобалии мубориза бо БПНМ (СПИД) чанд сол пеш дар бораи мавҷуд будани наздики 30 ҳазор ҳамҷинсгароёни танҳо мард дар Тоҷикистон маълумот дода буд, лекин ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки ин гузориш асоси воқеӣ надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.