Вакили парлумон истеъфои раиси Бонки миллиро талаб кард

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов имрӯз дар ҷаласаи парлумон истеъфои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро тақозо намуд. Ба гуфтаи ӯ, «чунин фоиз ба қарзҳо, ки имрӯз бонкҳои кишвар ба соҳибкорону аҳолӣ пешниҳод мекунанд, танҳо барои фурӯшандагони маводи мухаддири Колмубия ё Мексика қобили истифода аст». «Аввали соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷкистон […]

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов имрӯз дар ҷаласаи парлумон истеъфои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро тақозо намуд.

Ба гуфтаи ӯ, «чунин фоиз ба қарзҳо, ки имрӯз бонкҳои кишвар ба соҳибкорону аҳолӣ пешниҳод мекунанд, танҳо барои фурӯшандагони маводи мухаддири Колмубия ё Мексика қобили истифода аст».

«Аввали соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷкистон дар бораи ҷудо кардани 3 млрд. 250 млн. сомонӣ барои ҳалли масъалаҳои бонкҳои дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» қарор қабул кард, вале то имрӯз саҳмгузорони ин бонкҳо пулҳои худро бозпас гирифта натавониста, аз дасти Бонки миллӣ ҳеҷ коре намеояд», – изҳор дошт вакил.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки « имрӯз бонкҳои кишвар эътимоди сармоягузорони саҳмгузоронро пурра аз даст дода, мушкилоти онҳо ба дарди сари ҳукумат, парлумон ва дар ниҳояти кор Президент мубаддал шудааст».

«Дар ҳолати мавҷуда саҳмгузорони ин бонкҳо аз гирифтани фоизҳои амонати худ даст кашида, танҳо худи маблағи амонатро бозпас гирифтан мехоҳанд, – гуфт дар идома Зуҳуров. – Ин дар дунё ҳодисаи гӯшношунид аст».

Ӯ ба раиси Бонки миллӣ дастур дод, ки дар муддати ду ҳафта доир ба вазъи мавҷуда маълумоти пурра ҷамъоварӣ намуда, ба ӯ ҳисобот диҳад, ки «кай билохира мушкилоти саҳмгузорон ҳаллу фасл мешавад».

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода посух дод, ки дар навбати худ имрӯз бонкҳо қарзҳои қаблан додаи худро, ки 4 млрд. 600 млн. сомониро ташкил медиҳад, баргардонида наметавонанд.

Дар посух ба изҳороти раиси Ҳизби демократ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки пеш аз талаби истеъфои ӯ, як каме андеша мебояд кард…

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.