Посухи Шӯрои уламо: Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муҳоҷирон вохӯрда буд

Дар посух ба изҳороти муфтии шаҳри Москва Альбир Крганов Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои расмии динии Русия дар сатҳи хуб қарор дорад. «Намояндагони Шӯрои уламо, аз ҷумла Раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода дар гузашта барои иштирок дар ҳамоишҳои динии Федератсияи Русия ба ин кишвар сафар карда, дар доираи он […]

Asia-Plus

Дар посух ба изҳороти муфтии шаҳри Москва Альбир Крганов Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои расмии динии Русия дар сатҳи хуб қарор дорад.

«Намояндагони Шӯрои уламо, аз ҷумла Раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода дар гузашта барои иштирок дар ҳамоишҳои динии Федератсияи Русия ба ин кишвар сафар карда, дар доираи он бо чанд гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик низ дидору мулоқотҳо анҷом дода буд», – қайд мешавад дар ин робита дар сомонаи ин ниҳод.

Зимнан зикр мегардад, ки Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар оянда низ бо истифода аз фурсатҳои фароҳам ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки муфтии Маскав Албир Крганов чанде қабл дар бораи хатари ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бинобар сабаби ташкили гурӯҳи нави террористӣ дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон изҳори назар карда буд.

Ҳамчунин аз Кумитаи умуи дини ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, ки ояндаи наздик бо супориши ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ имомхатибони тоҷик барои анҷоми корҳои пешгирӣ миёни муҳоҷирон ба Русия сафарбар мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.