Вакили парлумон истеъфои раиси Бонки миллиро талаб кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов имрӯз дар ҷаласаи парлумон истеъфои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро тақозо намуд.

Ба гуфтаи ӯ, «чунин фоиз ба қарзҳо, ки имрӯз бонкҳои кишвар ба соҳибкорону аҳолӣ пешниҳод мекунанд, танҳо барои фурӯшандагони маводи мухаддири Колмубия ё Мексика қобили истифода аст».

«Аввали соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷкистон дар бораи ҷудо кардани 3 млрд. 250 млн. сомонӣ барои ҳалли масъалаҳои бонкҳои дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» қарор қабул кард, вале то имрӯз саҳмгузорони ин бонкҳо пулҳои худро бозпас гирифта натавониста, аз дасти Бонки миллӣ ҳеҷ коре намеояд», – изҳор дошт вакил.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки « имрӯз бонкҳои кишвар эътимоди сармоягузорони саҳмгузоронро пурра аз даст дода, мушкилоти онҳо ба дарди сари ҳукумат, парлумон ва дар ниҳояти кор Президент мубаддал шудааст».

«Дар ҳолати мавҷуда саҳмгузорони ин бонкҳо аз гирифтани фоизҳои амонати худ даст кашида, танҳо худи маблағи амонатро бозпас гирифтан мехоҳанд, – гуфт дар идома Зуҳуров. – Ин дар дунё ҳодисаи гӯшношунид аст».

Ӯ ба раиси Бонки миллӣ дастур дод, ки дар муддати ду ҳафта доир ба вазъи мавҷуда маълумоти пурра ҷамъоварӣ намуда, ба ӯ ҳисобот диҳад, ки «кай билохира мушкилоти саҳмгузорон ҳаллу фасл мешавад».

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода посух дод, ки дар навбати худ имрӯз бонкҳо қарзҳои қаблан додаи худро, ки 4 млрд. 600 млн. сомониро ташкил медиҳад, баргардонида наметавонанд.

Дар посух ба изҳороти раиси Ҳизби демократ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки пеш аз талаби истеъфои ӯ, як каме андеша мебояд кард…

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...