Идомаи содироти нерӯи барқ. Асосан ба Афғонистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи сентябр Тоҷикистон наздики 235 млн. кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар содирот кард, ки ин миқдор ба ҳудуди 17 фоиз аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар кишвар баробар аст.

Аз ҷумла аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба Афғонистон – ҳудуди 223 млн. кВт/соат (қариб 23 млн. кВт/соат зиёдтар нисбат ба моҳи сентябри соли 2016) ва ба Қирғизистон – 11,4 млн. кВт/соат(2,2 млн. кВт/соат бештар нисбат ба ҳамин давраи пешин) нерӯи барқ интиқол дода шуд.

Моҳи сентябри соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон беш аз 1,4 млрд. кВт/соат ё худ 47,3 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст. Дар муқоиса бо моҳи август (48,8 млн.) истеҳсоли барқ ба андозаи 3,1% кам шудааст.

Ҳаҷми умумии истифодаи нерӯи барқ дар моҳи сентябр ба зиёда аз 1,2 млрд. кВт/соат расидааст, ки дар муқоиса бо моҳи август 10,5% камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи октябри соли равон тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ дар Тоҷикистон 15% – аз 14,65 дирами ҳозира то ба 16,85 дирам барои 1 киловатт/соат бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда зиёд карда шуд.

Ҳамасола бинобар сабаби камбуди нерӯи барқ, мавсими тирамоҳу зимистон дар минтақаҳои Тоҷикистон истифодаи барқ маҳдуд (лимит) карда шуда, маъмулан аввали фасли баҳор бекор мешавад. Имсол алҳол он ба мушоҳида намерасад.

Дар мулоқот бо соҳибкорон (14 октябр) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуд, ки агар корхонаҳои ҷумҳурӣ нерӯи барқро бештар сарфакорона истифода кунанд, мавсими имсолаи тирамоҳу зимистонро бидуни ҷорӣ кардани маҳдудият метавон паси сар кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...