Машваратҳои навбатии сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон

Дар шаҳри Берлин таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ Андреас Пешке машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федеративии Олмон баргузор гардиданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти машваратҳо масоили ҳамкории дуҷониба […]

Дар шаҳри Берлин таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ Андреас Пешке машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федеративии Олмон баргузор гардиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти машваратҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, робитаҳои байнипарлумонӣ, энергетика, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро баҳри боз ҳам таҳкиму густариши муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарду кишвари дуст таъкид карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.