Боздошти «рэкетир»-и чандин сол қабл фаъолиятдошта дар Суғд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини шаҳри Конибодом Мансур Назаров бо лақаби «Боксёр»-ро боздошт намуданд, ки яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноӣ дониста шуда, солҳои 90-ум ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ (рэкет) машғул буд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ ба гумони даст доштан дар куштори соҳибкори конибодомӣ Рауф Маҷидов дар соли 1994 боздошт шудааст.

Дар ВКД зикр карданд, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта Назаров як гурӯҳи ҷиноятпешаро созмон дода, аз соҳибкорони маҳаллӣ ҳақ (доля) мегирифтааст ва афродеро, ки ҳақ намедодаанд, бераҳмона ҷазо медодааст.

«Соли 1994 бародарон Мансур ва Фарҳод Назаровҳо ҳамроҳи дӯсташон Шавкат Икромов ба назди сокини шаҳри Конибодом Рауф Маҷидов меоянд, ки ба тиҷорати орд машғул буду дар Истаравшан онро савдо мекард, – гуфтанд дар ВКД. – Онҳо аз Рауф Маҷидов ва бародараш Ваҳҳоб Маҷидов «ҳақ»-и худро аз тиҷораташон талаб карда, вақте посухи радро мешунаванд, ҳамакаса соҳибкоронро лату кӯб мекунанд, ки бар асари он Рауф Маҷидов ҳалок ва бародараш ҷароҳат мебардорад».

Зимнан зикр гардид, ки Мансур Назаров баъди 23 сол боздошт шуда, айни замон дигар иштирокчиёни ҷинояти зикршуда мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир Мансур Назаров ба ҳайси роҳбари корхонаи таъмири вагонҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар Конибодом кор мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...