Кордкашии табибони ояндаи тоҷик бо марг анҷомид

Муноқиша байни ду донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо марги яке анҷомид. Муноқиша рӯзи 11 октябр дар соҳили дарёи Душанбе рух дода, дар ВКД танҳо имрӯз аз он хабар доданд. Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ полковник Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки миёни донишҷӯён Дилшод Қурбоналиев ва Қурбон Каримов […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муноқиша байни ду донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо марги яке анҷомид. Муноқиша рӯзи 11 октябр дар соҳили дарёи Душанбе рух дода, дар ВКД танҳо имрӯз аз он хабар доданд.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ полковник Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки миёни донишҷӯён Дилшод Қурбоналиев ва Қурбон Каримов муноқишаву ҷангу ҷанҷол ба амал меояд.

Ба гуфтаи ӯ, Қурбоналиев ба муноқиша ҳамроҳи дӯстонаш Музаффар Холиқов, Самандар Ҷонмаҳмадов, донишҷӯёни коллеҷи тиббии пойтахт ва Қурбон Каримов ҳамроҳи дӯстонаш Фаррух Каримов ва Парвиз Сайфуллоев омада, ҳангоми занозанӣ Самандар Ҷонмаҳмадов ба Фаррух Каримов бо корд зарбаи марговар задааст.

«Баъди муноқиша С.Ҷонмаҳмадов билети ҳавопаймоӣ харида ба Маскав рафтанӣ мешавад, вале аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ боздошт шуд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи иштирокчиёни муноқиша боздошт шуда, аз рӯи далели куштор корҳои тафтишотӣ роҳандозӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.