Президент: лимити барқ бекор мешавад, агар аҳолӣ дастгирӣ кунад

Зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр бо соҳибкорон, Сарвари давлат хотиррасон кард, ки соли гузашта ин рӯзҳо аллакай реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шуда, аҳолӣ ҳамагӣ 10 соат барқ мегирифт. Имсол лимити барқ алҳол ҷорӣ нашудааст. https://www.youtube.com/watch?v=wJfOkmp3T9E Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аввали стратегии ҳукумати Тоҷикистон ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад. […]

Наим Халимов

Зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр бо соҳибкорон, Сарвари давлат хотиррасон кард, ки соли гузашта ин рӯзҳо аллакай реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шуда, аҳолӣ ҳамагӣ 10 соат барқ мегирифт. Имсол лимити барқ алҳол ҷорӣ нашудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=wJfOkmp3T9E

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аввали стратегии ҳукумати Тоҷикистон ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад.

«Агар аҳолии Тоҷикистон моро дастгирӣ кунаду шумо, соҳибкорон, ки моликони корхонаҳои саноатӣ мебошед, тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунед, барқи мо барои 24 соат дар як шабонарӯз кофист ва тирамоҳу зимистон дигар ягон маҳдудият нахоҳад шуд», – қайд кард Президент.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон 1 ноябр ҷорӣ шуда, аммо амалан аз 1 октябр қатъи интиқоли барқ оғоз гардид. Маҳдудият танҳо ба пойтахт ва шаҳрҳои бузург дахл надошт. Аҳолӣ дар як шабонарӯз 6-10 соат бо барқ таъмин мешуд. Лимит 14 январи соли 2017 бекор шуд.

Солҳои пешин вазъ дигартар буд. Масалан, соли 2013 реҷаи маҳдуди истифодаи барқ 1 ноябр ҷорӣ ва 15 апрели соли 2014 бекор шуд.

Тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 лимити истифодаи барқ 1 октябр ҷорӣ гардида, аввали моҳи март бекор шуд. Солҳои 2015-2016 бошад, лимит 18 октябр мавриди амал қарор гирифта, аввали моҳи март бекор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...