Номеҳрубонӣ нисбати «Умед-88». Моликони ширкат бедарак шуданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт лавҳаҳо бо навиштаҷоти «Умед-88» шитобкорона барканда мешаванд.

Ширкати «Умед-88», ки ба воридот ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ машғул аст, баъди айбдорӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дастрасии ғайриқонунӣ ва ғайримақсаднок истифода кардани воситаҳои буҷетӣ, ки дар вохӯрӣ бо соҳибкорон санаи 14 октябр садо дод, «мавриди номеҳрубонӣ» қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Вазорати молия бо тарзҳои гуногуни нофаҳмо аз буҷети давлатӣ ба ширкати «Умед-88» 170 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда, муддати аллакай 4 сол аст, ки ширкат ин маблағро ба давлат баргардонида наметавонад ва ин ҳам дар ҳолест, ки воситаҳо бо меъёри 18% (барои муқоиса: меъёри мутавозини миёнаи қарз бо асъори миллӣ 30,6%-ро ташкил медиҳад) ҷудо шудаанд».

Сарвари давлат ин амали кормандони Вазорати молияро «бемасъулиятӣ» хонда, зикр кард, ки доир ба чӣ гуна ҷудо шудани ин воситаҳо «маълумот нест» ва дастур дод, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала мо бо дархости расмӣ ба Вазорати молия муроҷиат намуда, айни замон посухи онҳоро интизорем.

Тавре дар боло гуфтем, баъди изҳороти президент дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт лавҳаҳо бо номи «Умед-88» шитобкорона барканда шуда, дар ин нуқтаҳо мегӯянд, акнун молики нуқтаҳо дигар ширкат аст, вале аз ифшои номи он худдорӣ мекунанд. Алҳол лавҳаҳо бо номи ширкати дигар пайдо нашудааст.

Дафтари асосии кории ширкати «Умед-88» воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт (пушти муҷассамаи Сино) баста аст: ба зангҳои сершумор дарвозаро касе ба мо боз накард.

Ҳамсояҳои ин бино мегӯянд, кайҳост, ки дар ин ҷо касе нест. Яке аз онҳо ҳатто изҳор дошт, ки гӯё бино аллакай фурӯхта шуда, ба молики дигар тааллуқ дорад. Қабати ғафси чанг дар дарвоза ва дастаи қулф низ гувоҳи он аст, ки дарвозаи дафтари кории «Умед-88» кайҳо боз кушода нашудааст.

Афроди наздик ба ширкат мегӯянд, молики он – Раҷабалӣ Одинаев бо писараш Умед Одинаев аллакай дар хориҷи кишвар, гӯё дар Дубай қарор доранд.

Воқеият доштани маълумоти мазкурро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар алҳол тасдиқ ҳам намекунанду инкор низ.

Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.

То соли гузашта «Умед-88» дар қатори ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Тоҷик Петролиум» ва «Аурум Спика» дар рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие қарор дошт, ки дар бозори сӯзишвории кишвар мавқеи афзалиятнок доштанд. Имсол дар робита ба коҳиши ҳисса дар бозор «Умед-88» аз ин рӯйхат хориҷ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...