Кӯчонидани ҳамаи шабакаҳои телевизион ба «Душанбе Плаза»

Ин пешниҳод аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта, айни замон масъалаи ҷойгир кардани ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» мавриди омӯзиш қарор дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, роҳбарони 8 шабакаи давлатии телевизион – «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Футбол», «Синамо» ва «Душанбе» […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ин пешниҳод аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта, айни замон масъалаи ҷойгир кардани ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» мавриди омӯзиш қарор дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, роҳбарони 8 шабакаи давлатии телевизион – «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Футбол», «Синамо» ва «Душанбе» феълан масъалаи ҷойгиркунии студияҳо ва ҳайати кормандонашонро дар бинои 22-ошёнаи аз ҳама баландтарини пойтахт баррасӣ доранд.

Қобили зикр аст, ки маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» бо ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, сабаби ҷойгиркунии шабакаҳои давлатии телевизион дар «Душанбе Плаза» он аст, ки бино аз замони мавриди истифода қарор гирифтанаш қариб холӣ буда, хоҳишмандони иҷора гирифтани дафтарҳои корӣ дар он зиёд нестанд.

Айни замон шабакаҳои телевизиони «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» дар бинои Маркази телевизиони пойтахт, «Сафина» – дар собиқ бинои Филармонияи давлатӣ, «Синамо», «Варзиш» ва «Футбол» – дар бинои Академияи ВАО-и кишвар, «Баҳористон» – дар бинои Хонаи радио ва «Душанбе» – дар бинои собиқ кинотеатри «Хроника» ҷойгир шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки бинои телевизиони «Сафина» кӯчонида шуда, дигар биноҳое, ки дар онҳо шабакаҳои боқимондаи телевизион ҷойгиранд, бо салоҳдиди ҳукумат мавриди истифода қарор мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.