Тоҷирони бозори «Шоҳмансур» дар ҷойи нав чӣ ҳол доранд?

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Фурӯшандагони бозори Шоҳмансур (Зелёний), ки санаи 9 октябр барҳам дода шуд, дар бозори нави «Меҳргон» ҷойҳои худро ишғол намуданд.

Сарфи назар аз ҷойгир шудани бозор дар мавзеи канораву дурдасти шаҳр, нақлиёти ҷамъиятии ба он ҷо равуокунанда кофист: маршруткаҳои №1, 25, 2, 67 ва 18.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе маҷмааи савдои «Пойтахт-90» (ба «Меҳргон» табдили ном кард) ба истифода дода шуд. Барои сохтмони он аз буҷети пойтахт 202,6 млн. сомонӣ (ҳудуди 40 млн. доллар) маблағ ҷудо шуда, вале то ин вақт он қариб холӣ буд.

Аз моҳи апрели соли равон ҶДММ «Маркази савдои «Истиқлол» ин бозороо ба иҷора гирифта, аз нимаи ҳафтаи гузашта баъди барҳам додани бозори «Шоҳмансур», фурӯшандагони он ба ин ҷо кӯчиданд ва бозор каме серодаму савдо низ нисбатан ривоҷ меёбад.

Айни замон дар ошёнаи якум – рафҳои сабзавоту мева ва хӯришҳову нон, ҳамчунин рафҳои фурӯши маҳсулоти гӯшту ширӣ, дар ошёнаи дуюм – фурӯшгоҳҳои хушкмева, қанду асал ва шириниҳо, дар ошёнаи сеюм мағозаҳои фурӯши сарулибоси кӯдакона ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ ҷойгир шудааст.

Дар гирду атрофи бозор низ бо халтаҳо сабзавоту мева ва дигар маҳсулот фурӯхта мешавад. Фурӯшандагони ин ҷо дар самти шимоли бозор анҷоми корҳои сохтмони бозори пӯшидаи савдои яклухти маҳсулоти кишоварзиро интизоранд.

Тоҷирони ба ин ҷо кӯчида аз маҳалли ҷойгиршавии бозор, ки бо ин сабаб харидорон каманд, ҳаҷми маблағи иҷора, ки се моҳи аввал намегиранду ба назарашон аз бозори Шоҳмансур зиёдтар мешавад, каме нороҳатанд, вале ба оянда бо назари нек менигаранд.

Дар даромадгоҳи бозор аробаҳо гузошта шуда, кашонидани сумкаҳои вазнин лозим намеояд. Нисфи фурӯшандагон низ аллакай сарулибоси махсуси маркази савдои «Меҳргон»-ро дар бар доранд, ки бояд ба 70 сомонӣ харанд.

Нархҳо начандон аз нархҳои бозори «Шоҳмансур» фарқ доранд: картошка – 3, сабзӣ – 2,5, пиёз – 1,5, себу нок – 8-10, биринҷ – 10-12 ва помидору бодиринг – 5-8 сомонӣ нарх доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...