Интиқоди муовини сарвазир аз омодагии Суғд ба зимистон

Date:

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилояти Суғд ба зимистон дар Хуҷанд, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим фаъолияти ситодҳои вилояту ноҳияҳоро мавриди интиқод қарор дода, зикр кард, ки маълумотҳои оморӣ хеле зиёд аз ҳам тафовут доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа қайд шудааст, ки мувофиқи ҳисоботи ситоди вилоят ҳамаи мактабҳои Суғд пурра бо ангишт таъмин шудаанд, вале санҷиши интихобӣ нишон додааст, ки ба баъзе мактабҳо то ҳол ҳатто ягон тонна ангишт оварда нашудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардидааст, ки дар вилоят барои зимистонгузаронии чорво ба таври кофӣ хӯроки чорво захира нашуда, дар ин робита муовини сарвазир дастур додааст, ки ин мушкилот бояд дар фурсати наздиктарин ҳал шавад.

Муовини сарвазир ҳамзамон кори ситодҳои вилоят ва ноҳияҳоро дар самти омодагӣ ба зимистон танқид карда, қайд кардааст, ки маълумоти омории ин ситодҳо аз ҳамдигар хеле зиёд фарқ доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...