Интиқоди муовини сарвазир аз омодагии Суғд ба зимистон

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилояти Суғд ба зимистон дар Хуҷанд, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим фаъолияти ситодҳои вилояту ноҳияҳоро мавриди интиқод қарор дода, зикр кард, ки маълумотҳои оморӣ хеле зиёд аз ҳам тафовут доранд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа қайд […]

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилояти Суғд ба зимистон дар Хуҷанд, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим фаъолияти ситодҳои вилояту ноҳияҳоро мавриди интиқод қарор дода, зикр кард, ки маълумотҳои оморӣ хеле зиёд аз ҳам тафовут доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа қайд шудааст, ки мувофиқи ҳисоботи ситоди вилоят ҳамаи мактабҳои Суғд пурра бо ангишт таъмин шудаанд, вале санҷиши интихобӣ нишон додааст, ки ба баъзе мактабҳо то ҳол ҳатто ягон тонна ангишт оварда нашудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардидааст, ки дар вилоят барои зимистонгузаронии чорво ба таври кофӣ хӯроки чорво захира нашуда, дар ин робита муовини сарвазир дастур додааст, ки ин мушкилот бояд дар фурсати наздиктарин ҳал шавад.

Муовини сарвазир ҳамзамон кори ситодҳои вилоят ва ноҳияҳоро дар самти омодагӣ ба зимистон танқид карда, қайд кардааст, ки маълумоти омории ин ситодҳо аз ҳамдигар хеле зиёд фарқ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.