Тоҳир Ҳабибови 20-сола, сарбози қисми низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Кӯлоб рӯзи 26 октябр ба худкушӣ даст зад.
Ӯ ҳангоми адои хизмати посбонӣ ба худаш аз автомат тир парронидааст. Ин сарбоз тирамоҳи соли гузашта аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба хизмат даъват шуда буд.
Тибқи иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар Вазорати мудофиа, аз рӯи далели марги сарбоз Сарпрокуратураи ҳарбии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Бо фармони вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо барои таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса комиссияи махсус таъсис дода шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


