Коршинос: Барои беҳбуди муносибатҳои Тоҷикистону Эрон замина тайёр мешавад

Asia-Plus

Сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов мутмаин аст, ки каме пӯшида нигоҳ доштани маълумоти сафари вазири корҳои хориҷии Эрон ба Тоҷикистон шояд ба масъалаи аз саволҳои нобоби журналистон канор рафтан вобаста бошад.

Шокирҷон Ҳакимов хотиррасон намуд, ки ахиран муносибатҳои миёни Тоҷикистону Эрон қариб дар ҳама соҳаҳо хеле бад шуданд.

– Ин ҳама мухолифат ба нафъи ҳарду кишвар нест. Дипломатҳо тарзу усулҳои дигарро барои ба эътидол овардани вазъи миёни ҷонибҳо истифода мекунанд. Фикр мекунам, ки бо назардошти ин омилҳо, бешак бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дипломатҳо бидуни эълон тасмим гирифтаанд, ки дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ мулоқот карда, нахуст роҳу воситаҳоеро дарёбанд, ки ба муколама оид ба масоили мушаххас мусоидат намоянд, то ки бар асоси созишу гузаштҳо ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо барқарор карда шавадн, – мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Сиёсатшинос бар ин назар аст, ки дар ниҳояти кор ҷониби Эрон ба минбаъд дигар худдорӣ варзидан аз ҳама гуна ҳамкориҳо бо ҲНИТ ва дигар сохторҳои марбут ба он розӣ мешавад.

– Ин ҷо дар навбати аввал сари он сухан меравад, ки акнун шояд минбаъд Эрон дигар ба даъвати доираҳои мухолифи Тоҷикистон ба чорабиниҳои гуногуни минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар Теҳрон кӯшиш нахоҳад кард, – қайд кард ӯ.

Ҳамчунин ба ақидаи Ҳакимов, баррасии масъалаи марбут ба даъвоҳои Эрон нисбати Тоҷикистон дар мавриди қазияи «парвандаи Занҷонӣ» низ дар ин вохӯрӣ аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 Эрон изҳор дошт, ки замони президентии Аҳмадинажод ба суратҳисоби қалбакии Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон 2 млрд. 700 млн. доллар гузаронида шуда, баъдан ин пулҳо бедарак шуданд. Баъдтар Бонки миллии Тоҷикистон ин иддаъоҳоро рад кард.

– Бо назардошти танзими ин лаҳзаҳо, барои ташкили вохӯрӣ дар сатҳи сарони кишварҳо бо мақсади барқарор ва густариши ҳамкории дуҷониба замина муҳайё карда мешавад, – афзуд коршинос.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.