Пораи 2 млн. доллари Улюкаевро дар додгоҳ нишон медиҳанд

Дар ҷаласаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи вазири пешини рушди иқтисодии Русия Алексей Улюкаев 2 миллион долларро ба додгоҳ оварданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузориҳо, ҷониби айбдоркунанда тасмим дорад, пулҳоеро, ки бояд вазир ҳамчун пора қабул мекард, дар додгоҳ ҳозир кунад. Пулҳо дар қуттии калон ва халтаи селофанӣ ҷой […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ҷаласаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи вазири пешини рушди иқтисодии Русия Алексей Улюкаев 2 миллион долларро ба додгоҳ оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузориҳо, ҷониби айбдоркунанда тасмим дорад, пулҳоеро, ки бояд вазир ҳамчун пора қабул мекард, дар додгоҳ ҳозир кунад. Пулҳо дар қуттии калон ва халтаи селофанӣ ҷой доштаанд.

Гуфта мешавад, моҳи октябр додситон дар додгоҳ навореро нишон дод, ки лаҳзаи эҳтимолии порагирии Улюкаевро сабт карда буд. Дар яке аз наворҳо дида мешуд, ки вазир чӣ гуна аз мошин берун мешавад ва халтаи дар паҳлӯи сарои "Роснефт" бударо мегирад.

Улюкаев моҳи ноябри соли гузашта дар коргоҳи "Роснефт" боздошт шуд. Ба иттилои тафтишот, мансабдори давлатӣ аз роҳбари ширкати мазкур Игор Сечин барои баҳои мусбат додан ба шартномаи хариди "Бушнефт" пора талаб кардааст.

Вазири пешин ин айбҳоро рад мекунад. Улюкаев мегӯяд, боздошти вай иғвоангезии роҳбарияти "Роснефт" ва Хадамоти амнияти федеролӣ аст. Вазири пешин дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет” беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.