Озодӣ: Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот кард

Дар Душанбе имрӯз мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, зоҳиран мулоқоти Муҳаммадҷавод Зариф ва Сироҷиддин Аслов дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ҷараён гирифтааст. Қаблан хабар додем, ки вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф субҳи имрӯз ба Душанбе омад. Манбаъҳои «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе доир ба […]

Радиои Озодӣ,

Дар Душанбе имрӯз мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, зоҳиран мулоқоти Муҳаммадҷавод Зариф ва Сироҷиддин Аслов дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ҷараён гирифтааст.

Қаблан хабар додем, ки вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф субҳи имрӯз ба Душанбе омад. Манбаъҳои «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе доир ба фуруд омадани ҳавопаймо бо намояндаи воломақоми Эрон хабар доданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз масъалаи шарҳи ҳадафҳои сафари мансабдори воломақоми Эрон ба ҷумҳурӣ худдорӣ варзид. Дар сомонаи Вазорат ва дигар сомонаҳои расмӣ низ дар ин хусус маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад, ки вазири корҳои хориҷии Эронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, истиқбол кардааст.

Ин манбаъ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки сафари Муҳаммадҷаводи Зариф якрӯза хоҳад буд, аммо ба эҳтимоли зиёд, вай шаб дар Душанбе хоҳад монд ва фардо озими Самарқанд хоҳад шуд. Рӯзҳои 9-10 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон конфронси байналмилалӣ зери унвони "Осиёи Миёна: як гузашта ва як ояндаи муштарак, ҳамкорӣ барои тавсеаи пойдор ва рушди муштарак" баргузор мешавад, ки дар ин ҳамоиш ҳам Муҳаммадҷавод Зариф низ иштирок хоҳад кард.​

Зимнан бо истинод ба сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ зикр мегардад, ки сафари Муҳаммадҷавод Зариф бо даъвати мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.