«Тоҷикагролизинг» беш аз 70 адад тракторҳои нав харид

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» барои дастгирии фермерони ҷумҳурӣ заминаи техникии худро тавсеъа бахшида, беш аз 70 адад тракторҳои нави истеҳсоли Беларусу Чин харидорӣ намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, тракторҳои универсалӣ харидорӣ ва ба кишвар оварда шуда, ба хоҷагиҳои фермерии ҷумҳурӣ ба иҷора дода мешаванд. Тракторҳое, ки аз Чину Беларус харидорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» барои дастгирии фермерони ҷумҳурӣ заминаи техникии худро тавсеъа бахшида, беш аз 70 адад тракторҳои нави истеҳсоли Беларусу Чин харидорӣ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, тракторҳои универсалӣ харидорӣ ва ба кишвар оварда шуда, ба хоҷагиҳои фермерии ҷумҳурӣ ба иҷора дода мешаванд.

Тракторҳое, ки аз Чину Беларус харидорӣ шудаанд, ба иҷрои кору вазифаҳои гуногун қодир буда, дар боғу ангурзор ва ҳамчунин киштзорҳо кор карда метавонанд.

Қаблан моҳи сентябр  дар бораи аз ҷониби «Тоҷикагролизинг» харидорӣ шудани 10 адад комбайнҳои универсалии навъи «Клас Тигр», 4 адад мошинҳои пахтачинӣ, 2 адад мошинҳои куракғундор ва 20 адад ядакҳои трактории истеҳсоли Ӯзбекистон хабар дода шуда буд.

Қобили зикр аст, ки тӯли ҳашт моҳи соли равон «Тоҷикагролизинг» наздики 100 адад тракторҳои таъиноти кишоварзии навъҳои гуногунро харидорӣ кард.

Айни замон дар 54 шаҳру навоҳии кишвар марказҳои хизматгузории техникии корхона амал карда, 196 адад техника ва 919 таҷҳизоту мошинолот дар ихтиёр доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиётӣ динӣ наздикӣ 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.