Федерика Могеринӣ аз Осиёи Марказӣ боздид мекунад

Иттилоияи расмӣ

Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният/Муовини Раиси Комиссия Аврупо Федерика Могеринӣ ва Вазири Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ Невен Мимитса рӯзи 10 ноябр ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон барои иштирок дар 13-умин вохӯрии вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ сафар мекунанд.

Бино ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, қабл аз сафар Могеринӣ гуфт: "Осиёи Марказӣ барои Иттиҳоди Аврупо аҳамияти стратегӣ дорад. Дар масъалаҳои гуногун, аз амният то мубориза алайҳи тундгароӣ ва ифротгароӣ, аз тиҷорат то дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа шарикони зич мебошанд. Вохӯрии ҳарсолаамон ба мо имкон медиҳад, ки дастовардҳои соли гузашта баррасӣ карда, ба барномаи нав ҷиҳати дастгирии тарааққиёт, амну субот дар минтақаҳои мо баҳри манфиати шаҳрвандонамон муҳокима намоем." 

Вазир Мимитса гуфт: "Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шарики асосӣ аст ва мо омодаем, ки ҳамкориямонро бо ин минтақа таҳким диҳем. Тақрибан бо 1.2 миллиард евро чун ёрӣ то соли 2020, мо барои рушди устувори ин минтақа кӯмак мерасонем. Дар якҷоягӣ бо шарикони Осиёи Марказиамон, мо ташаббусҳо ва ислоҳотеро, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягуғорӣ, идоракунии хуб, идоракунии захираҳои обӣ, ривоҷи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва идоракунии сарҳадот равона карда шуданд, дастгирӣ мекунем."

Вохӯрӣ асосан ба масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин ба нақши Иттиҳоди Аврупо дар минтақа, нигаронида мешавад, баъд аз он Намояндаи олӣ/Муовини Раиси Комиссия Аврупо дар якҷоягӣ бо мизбони вохӯрӣ – Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон – соати 12:00 бо вақти аврупои марказӣ – нишасти кӯтоҳи матбуотиро мегузаронад.

Инчунин, дар Самарқанд Намояндаи Олӣ/Муовини Раиси Комиссия Аврупо хонум Могеринӣ дар конфронси "Осиёи Марказӣ: гузашта ва ояндаи муштарак, ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва шукуфоии якҷоя" суханронӣ мекунад. Ӯ низ як қатор мулоқотҳоро, аз ҷумла бо Президенти Ӯзбекистон ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, анҷом хоҳад дод.

Як рӯз пеш аз ин, рӯзи панҷшанбеи 9 ноябри соли равон Намояндаи Олӣ/Муовини Раиси Комиссия Аврупо ба шаҳри Бишкек сафар карда, онҷо бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаноби Алмазбек Отамбоев, бо Президенти тозаинтихоби ин кишвар ҷаноби Сооронбой Жээнбеков, ки 15 октябр интихоб шудааст, бо Сарвазири  Қирғизистон ҷаноби Сапар Исаков во мехӯрад. Ин сафар як моҳ пас аз қабул шудани қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо оид ба оғоз намyдани гуфтушунидҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Қирғизистон атрофи созишномаи нави дуҷониба, калону фарогир, сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.