Омодагии МБГ Душанбе-1 ба мавсими гармидиҳӣ баъди таъмиру азнавсозӣ

Asia-Plus

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 (МБГ Душанбе-1) дар ҳамдастӣ бо мутахассисони ширкати «Казремэнерго»-и Қазоқистон таъмиру навсозӣ ва иқтидораш тақрибан ду баробар – аз 20 МВт нерӯи барқ ва 50 К\Гкал гармӣ (аз соли 1958) то ба 50 МВт нерӯи барқ ва 90 Гкал гармӣ афзуд.

«Айни замон МБГ Душанбе-1 ба мавсими гармидиҳӣ комиан омода буда, бо фарорасии сардиҳо бо иқтидори дучанд ба кор дароварда мешавад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик».

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз обуҳавои нисбатан гарм, охири моҳи октябр МБГ Душанбе-2 ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», айни ҳол иқтидори истеҳсолии МБК Душанбе-2  ба 240-260 МВт нерӯи барқ ва 30—35 Гкал/соат гармӣ баробар мебошад. Бинобар сардшавии ҳаво МБГ №2-и Душанбе бо мақсади таъмини саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар назар дошта шудааст, ки рӯз то рӯз вобаста ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво, иқтидори истеҳсолии марказ зиёд мегардад.

Иқтидори истеҳсолии МБГ Душанбе-2, ки соли 2015 мавриди истифода қарор гирифт, 400 МВт нерӯи барқ ва 235,46 Гкал гармиро ташкил дода, соли гузашта дар ин корхона беш аз 870 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 376 ҳазор Гкал энергияи гармӣ истеҳсол шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳамасола нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то нимаи моҳи марти соли минбаъда давом мекунад. Соли гузашта дар робита ба нисбатан барвақттар фарорасии мавсими сармо, интиқоли гармӣ ба манзилу биноҳои пойтахт охири моҳи октябр шурӯъ шуда, аввали моҳи март ба итмом расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.