Дастгирии Тоҷикистон аз ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ»

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ гардиданд. Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Низомиддин Зоҳидӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон ташаббуси ҷониби Чин […]

Asia-Plus

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Низомиддин Зоҳидӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон ташаббуси ҷониби Чин «Як камарбанд – як роҳ»-ро, ки ба ҳамкории мутақобилаи кишварҳои минтақа баҳри беҳбуди суботи иқтисодӣ нигаронида шудааст, комилан дастгирӣ мекунад.

Ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.

Дар он ҳамчунин бунёди долонҳои нави тиҷоративу нақлиётӣ, ки беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам мепайванданд, пешбинӣ шудааст, ки ба рушди мунсибатҳои тиҷоратӣ байни Чин ва ин кишварҳо мусоидат мекунад.

Ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 зимни сафараш ба Қазоқистон пешниҳод гардида, аз ду лоиҳа – «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва «Роҳи баҳрии Абрешим асри XXI» иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ