Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиёти роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа

Date:

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа рух дод, 4 нафар ҳалок ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи боркаши «КамАз», сокини 46-солаи ноҳияи Бохтар Саидхӯҷа Қосимов аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Чанху» таҳти идораи сокини маҳаллӣ Давлат Мирзомуддинови 33-сола бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ронанда ва мусофири автомашинаи «Чанху» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 6 нафар боқимонда мусофирони ин автомашина дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Қайд мешавад, баъдтар дар бемористон аз ҷароҳатҳои бардошта боз ду нафари аз садама осебдида – занони сокинони ноҳияи Бохтар ҳалок шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон сабабу ҳолатҳои рух додани садамаи нақлиёти мазкур мавриди омӯзигшу таҳқиқ қарор гирифтааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...