Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиёти роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа рух дод, 4 нафар ҳалок ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи боркаши «КамАз», сокини 46-солаи ноҳияи Бохтар Саидхӯҷа Қосимов аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Чанху» таҳти идораи сокини […]

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа рух дод, 4 нафар ҳалок ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи боркаши «КамАз», сокини 46-солаи ноҳияи Бохтар Саидхӯҷа Қосимов аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Чанху» таҳти идораи сокини маҳаллӣ Давлат Мирзомуддинови 33-сола бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ронанда ва мусофири автомашинаи «Чанху» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 6 нафар боқимонда мусофирони ин автомашина дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Қайд мешавад, баъдтар дар бемористон аз ҷароҳатҳои бардошта боз ду нафари аз садама осебдида – занони сокинони ноҳияи Бохтар ҳалок шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон сабабу ҳолатҳои рух додани садамаи нақлиёти мазкур мавриди омӯзигшу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.