Cамбочии тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд!

Радиои Озодӣ

Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия гуштигири тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода медали тилло ба даст овард. Ӯ дар вазни то 74 кило қувваозмоӣ карда, ғолиб омад.

Ҳамин тариқ, бо гузашти 42 сол Беҳрӯз Хоҷазода натиҷаи гуштигири маъруфи тоҷик Саидмумин Раҳимовро такрор кард, ки соли 1975 дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри минск қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Беҳрӯз рӯзи шанбе бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ ё ҳалкунанда бар паҳлавони Беларус Степан Попов (Stsiapan Papou) пирӯз омад ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар рӯзи дувуми мусобиқот чаҳор паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Ба ҷуз Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмалиддин Каримов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило мақоми дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ Саян Хертек мағлуб шуд.

Инчунин ду нафари дигар дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карда, Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Вале Бахтовар Замиров дар вазни зери 82 кило бе медал монд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2017  оид ба самбо дар Сочи наздики 1000 варзишгар (мардону занон) аз 90 кишвар иштирок менамоянд. Аз ҷумла варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Чин, Ҳонг Конг, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д Ивуар бори аввал дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо барои медалҳо рақобат мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...