Як қатор дидору гуфтушунидҳои Сироҷиддин Аслов дар Самарқанд

Дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар шаҳри Самарқанд  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дод. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, […]

Asia-Plus

Дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар шаҳри Самарқанд  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дод.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот бо Намояндаи Олии ИА оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон бо ИА, аз қабили амният, рушди иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон ва Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ қарор гирифта, илова бар ин мусоҳибон дар мавзӯи ҳамкориҳои судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ мавзӯи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 низ матраҳ гардид.

Зимни вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ, масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуда, ҳамчунин густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур таъкид гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни дидору гуфтушунид бо Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд ҷаноби Невен Мимитса масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва ИА, роҳҳои таҳкими ҳамдастӣ дар ҷодаи татбиқи Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Мирослав Енча ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла ниҳодҳои тахассусии онро муҳокима намуда, масоили мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва вазъият дар минтақа низ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.

Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд. Дар фарҷоми Вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштаракро қабул намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио