Умед Давлатзода аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуд

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Имрӯз бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти ҶТ Пиракзода Ҳикматулло – муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид –  муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти мамлакат сардорони Раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ дар ВМКБ, вилояти Хатлон, инчунин сардорони як қатор отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмӯда ва мутахассисони варзидаи соҳа пурра гардиданд.

Ба вазифаҳои масъули баъзе Раёсатҳои КДАМ Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ низ мутахассисони соҳибтаҷриба таъин карда шуданд.

Чунин тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифта, роҳбарии ин воҳидҳои низомиро афсарони донандаи забонҳои хориҷӣ, хатмкардагони зиёда аз ду муассисаи олии таълимоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба уҳда гирифтанд.

Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз вазифаи муовини Вазири мудофиа озод гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Умед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо озод гардида, Ҷӯразода Тоҷиддин, ки то имрӯз муовини Раиси Кумитаи Рушди маҳали назди Президенти ҶТ фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид.

Бо Қарорҳои дигари Ҳукумати ҶТ Бекмуроди Айдибек Ширинбекзода аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” озод ва Тоҳирҷонзода Сураҷ Ғуломамад ба ин вазифа таъин гардид.

Ҳамчунин, бо Амри Президенти ҶТ Сафаров Саидҷаъфар Саидович аз вазифаи муовини якуми Директори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" озод гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро ба ҳар як хизматчии давлатӣ муваффақият орзу намуда, таъкид карданд, ки зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак бошанд.

“Хоксору самимӣ бошед ва дар ҳамкорӣ бо мардум фаъолият карда, мушкилоти мавҷударо бартараф намоед”- таъкид намуд Президенти мамлакат дар охири мулоқот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...