Паёми дӯстонаи обербургомистри Ройтлинген ба Рустами Эмомалӣ

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов рӯзҳои 14-15 ноябри соли равон ба шаҳри Ройтлинген – бародаршаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз ҷониби обербургамистри шаҳри Ройтлинген хонума Барбара Бош ба ҳузур пазируфта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат сафири Тоҷикистон ба хонум Барбара Бош салому паёми дӯстонаи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалиро расонда, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни бародаршаҳрҳо – Душанбе ва Ройтлингенро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб омодагии хешро баҳри таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ таъкид карданд. Дар рафти мулоқот аз Барбара Бош даъват шуд, ки дар фурсати барояш муносиб аз шаҳри Душанбе боздид ба амал оварад.

Хонум Барбара Бош барои даъват изҳори миннатдорӣ намуда, паёми дӯстонаи худро ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фиристод. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки омодааст, дар фурсати муносиб бо ҳамроҳии ҳайати соҳибкорон ва фарҳангиёни шаҳри Ройтлинген ба бародаршаҳр Душанбе сафар анҷом диҳад.       

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар доираи сафари корӣ мулоқоти сафири Тоҷикистон бо роҳбари Палатаи тиҷорат ва савдои шаҳри Ройтлинген д-р Йенс Каспер баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот сафир оид ба имконоти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз Палатаи саноат ва савдои минтақаи Ройтлинген даъват ба амал овард, ки барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони аъзои Палатаи мазкур ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...